Ссылки доступа

Президенти Украина фармони даъвати сарбозони эҳтиётиро имзо кард


Владимир Зеленский
Владимир Зеленский

Владимир Зеленский, президенти Украина баъди тасмими Русия дар бораи ворид кардани низомиҳояш ба Донбасси таҳти назорати ҷудоихоҳон, фармони даъвати сарбозони эҳтиётиро ба сафи неруҳои мусаллаҳи Украина имзо кард.

"Мо бояд ба таври фаврӣ артиши украин ва дигар ниҳодҳои низомиро ҷамъ намоем. Ман, ба ҳайси сарфармондеҳи неруҳои низомӣ, фармони даъвати неруҳои эҳтиётиро имзо кардам", - гуфт Зеленский. Вай афзуд, ки ҳоло зарурате ба мусаллаҳсозии сартосарии украиниҳо нест.

Пештар аз ин Зеленский гуфта буд, ки Украина ҷонибдор аст, низоъ бо роҳи осоишта ҳал шавад, аммо ҳамзамон бояд ба хушунатҳо омода бошад.

Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар як паёми телевизионӣ рӯзи 21 феврал истиқлолияти Луҳанск ва Донетски Украина, минтақаҳои таҳти назорати ҷудоихоҳони зери ҳимояти Маскавро эътироф кард. Ин кори ӯ норозигии Киев ва дареғҳои сарони НАТО ва Ғарбро ба бор овард.

Киев ва раҳбарони Ғарб ҳафтаҳост, ҳушдор медиҳанд, ки ҷойгир кардани 150 000 сарбози Русия дар наздикии марзи Украина метавонад, ҳамлаи Русияро ба Украина ногузир гардонад.

Путин дар ҳоле сухан мегуфт, ки хабаргузориҳои байналмилалӣ ба нақл аз нерӯҳои Украина дар хатти пеши ҷабҳа дар шарқи Украина навиштаанд, ки гулӯлаборони мавзеи онҳо аз тарафи ҷудоихоҳон шиддат гирифтааст.

Раисиҷумҳури Русия дар паёмаш бе зикри далелҳо иддаои густурдаеро баён кард, ки Украина дар пайи дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ аст, забони русӣ дар Украина канор мондааст ва нақшаҳои муайяне барои аз байн бурдани калисои православии русро дар қаламрави худ дорад.

Вай гуфт, Украина як "режими лӯхтакие" аст, ки аз ҷониби қудратҳои хориҷии омехта бо сулолаҳои олигархӣ идора мешавад. Ҳамчунин афзуд, НАТО тақозоҳои амниятии Маскав, аз ҷумла қонунгузории зидди ба НАТО пайвастани Украина ва баровардани силоҳу таҷҳизоти ин паймони низомиро аз кишварҳои Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ "комилан нодида гирифт".

Кремл мегӯяд, Путин пеш аз паёмаш масъалаи эътирофи истиқлоли минтақаҳои ҷудоихоҳи Украинаро бо раҳбарони Олмон ва Фаронса баррасӣ кард. Ҳарду кишвар дар баробари қудратҳои дигари ғарбӣ аз пайомадҳои ҷиддии ҳамлаи эҳтимолии Русия ба Украина ҳушдор додаанд.

Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо дар умури хориҷӣ Ҷозеп Боррел гуфт, агар Путин ба ҷудоихоҳон истиқлол пешниҳод кунад, Иттиҳод ба зидди Русия таҳримҳои нав ҷорӣ хоҳад намуд.

Дар ҳоле ки Путин суханронӣ мекард, сарвазири Бритониё Борис Ҷонсон такроран гуфт, ки Русияро "бастаи таҳримҳои азим" дар пеш буда метавонад. Вай ин иқдоми Путинро "нақзи ошкорои истиқлол ва якпорчагии Украина" номид. Эдгарс Ринкевич, вазири корҳои хориҷии Латвия, гуфт, Иттиҳоди Аврупо бояд фавран таҳрим ҷорӣ кунад.

Созмони Милали Муттаҳид, ки Қрим ва минтақаҳои зери назорати ҷудоихоҳонро бахше аз хоки Украина медонад, пеш аз паёми Путин барои ҷилавгирӣ аз шиддати авзоъ ба "худдории ҳадди аксар" даъват кард.

Стефан Дуйарич, сухангӯйи Созмони Милал, гуфт: "Аз ҳама мехоҳем, ки аз ҳар гуна тасмими яктарафа ё амалҳои якҷониба, ки метавонад тамомияти арзии Украинаро халалдор кунад, худдорӣ варзанд. Ҳама масъалаҳо бояд ба воситаи дипломатия ҳал карда шаванд."

Владимир Зеленский, раисиҷумҳури Украина, 21-уми феврал, пас аз он ки Путин гуфт, "имрӯз" дар бораи истиқлоли ДНР ва ЛНР тасмим мегирад, ҷаласаи Шӯрои амнияти миллӣ ва дифои Украинаро даъват кард. Қабл аз он бо садри аъзами Олмон ва президенти Фаронса гуфтугӯ дошт. Бино ба гузоришҳо, Эммануэл Макрон ҷаласаи Шӯрои дифоъ ва амнияти миллии Фаронсаро даъват кардааст.

Сафири Амрико дар Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Майкл Карпентер, тасмими Русияро боиси таассуф донист ва хоҳони маҳкум кардани он шуд.

Олаф Шолтс, садри аъзами Олмон, пеш аз изҳороти Владимир Путин тасмими ба расмият шинохтани истиқлоли минтақаҳои ҷудоиталаби Украинаро ба шиддат маҳкум карда буд. Дафтари садри аъзами Олмон бо нашри эъломияе гуфт, Шолтс дар суҳбати телефонӣ бо раҳбари Русия ҳушдор додааст, ки чунин тасмим “ба таври якҷониба поймол кардани созишномаи Минск” аст. Созишномае, ки ҳашт сол пеш барои поён додан ба муноқишаи ҷудоиталабон дар шарқи Украина ҳосил шуда буд.

Путин рӯзи 21-уми феврал гуфт, тарҳи сулҳ барои хатми низоъ дар шарқи Украина "дурнамое" надорад. Киев аз соли 2014, замоне ки Русия нимҷазираи Қрими Украинаро ғасб кард, бо ҷудоиталабони таҳти ҳимояти Маскав дар шарқи ин кишвар дар ҳоли ҷанг аст. То кунун дар даргириҳо дастикам 13 ҳазору 200 кас кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG