Ссылки доступа

Президенти Қирғизистон вазъ дар шарқи Украинаро шарҳ дод


Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон вазъ дар шарқи Украинаро шарҳ дод.

Вай рӯзи 22 феврал дар саҳифаи Фейсбук навишт, ки "бо нигаронии амиқ ва изтироб" вазъи атрофи Донбассро пайгирӣ мекунад.

Ҷабборов илова кард, ки "Қирғизистон пайваста ҷонибдорӣ риоя шудани созишномаи Минск буд". "Мутассифона, иҷро нашудани шартҳои созишнома боиси сар задани вазъи кунунӣ шуд", - навишт Ҷабборов. Вай ҳамзамон илова кардааст, ки "бовар дорад, вазъи кунунӣ бояд бо роҳҳои осоиштаи дипломатӣ ва пушти мизи гуфтушунид, бидуни рехтани хуни одамон ҳал шавад".

Шаби 21 ба 22 феврал президенти Русия Владимир Путин нахуст эълом кард, ки Русия истиқлоли давлатҳои худхондаи Луҳанск ва Донетскро дар шарқи Украина эътироф ва баъдтар гуфт, ки Русия ба ин минтақа неру мефиристад. Дабири кулли СММ ва кишварҳои Ғарб ин иқдоми Москваро маҳкум карданд.

XS
SM
MD
LG