Дар ин бора ноиб-сарвазири он кишвар Роман Скляр рӯзи 23 феврал хабар дод.
Дар ҳоли ҳозир ҳаҷми чунин пардохт аз 437 ҳазор танга то 5,9 млн танга аст.
Пештар аз ин сокинони Қазоқистон талаб карда буданд, ки пардохти партовҳо набояд бештар аз 100 ҳазор танга бошад.
Баъди ҳаводиси моҳи январ Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон гуфт, ҷамъоварии пардохтҳоро бояд мақомоти давлатӣ ба даст гиранд, на ширкатҳои хусусӣ. Вай он замон дастур дода буд, ширкати "Оператор", марбут Алия Назарбоева, ба духтари хурдии президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, ки ба ҷамъоварии пардохтҳои партовҳо машғул буд, баста шавад.