Дар ҳоли ҳозир дақиқ гуфта намешавад, ки Осипов даст ба кадом ҷиноят задааст. Ӯ севумин муовини пешини раиси Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон аст, ки аз аввали соли равон боздошт мешавад.
Зидди ду муовини пешини дигари раиси Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон — Ануар Садикулов ва Давлат Ергожин айб эълом шудааст. Худи раиси пешини ин кумита Карим Масимов ҳам дар ҳабс қарор дорад. Мақомоти Қазоқистон раҳбарияти собиқи кумитаи амниятро ба кушиши ғасби қудрат дар он кишвар айбдор мекунанд. Парванда махфӣ аст.
Самат Абиш, ҷияни президенти пешин Нурсултон Назарбоев, ки ба ҳайси муовини аввали раиси Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон кор мекард, баъди ҳодисаҳои моҳи январ аз мақом барканор шудааст, вале то ҳол ба ҷавобгарӣ кашида нашудааст.