Ссылки доступа

Дар саросари Украина вазъи фавқулода эълом мешавад


Алексей Данилов
Алексей Данилов

Шӯрои амнияти миллӣ ва дифои Украина аз Радаи болоӣ хост, то фавран дар саросари ин кишвар, ба ҷуз аз вилоятҳои Луҳанск ва Донетск вазъи фавқулода эълом кунад.

Дар ин бора расонаи "РБК Украина" рӯзи чоршанбе баъд аз ҷаласаи шӯро хабар дод.

"Дар тамоми қаламрави Украина, ба ҷуз аз Луҳанск ва Донетск вазъи фавқулода эълом мешавад. Комиссияҳои вилоятӣ, ки ба ҳайати онҳо намояндагони ҳамаи ниҳодҳои давлатӣ шомил мешаванд, вобаста ба ҳудуд ва то куҷо мақсаднок будан тасмим хоҳанд гирифт", - изҳор дошт котиби Шӯрои амнияти миллии Украина Алексей Данилов.

Ӯ афзуд, ки дар Луҳанск ва Донетск амалиёти Нерӯҳои муттаҳида идома дорад ва бинобар ин, дар онҷо низоми махсуси ҳуқуқӣ амал мекунад.

Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина ахиран дар пасманзари тасмими Русия барои фиристодани нерӯҳояш ба манотиқи таҳти назорати ҷудоихоҳон ба Донбасс, даъвати сарбозони эҳтиётиро ба артиш эълон кард.

Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин рӯзи 21-уми феврал “истиқлол”-и ҷумҳуриҳои худхондаи Донетск ва Луганскро эътироф кард. Ин дар ҳолест, ки бештари ин минтақаҳо таҳти назорати мақомоти Украина қарор доранд.

сосредоточила десятки тысяч своих военных, объясняя это учениями.

XS
SM
MD
LG