Ссылки доступа

Додситони Қазоқистон ҳалокати 6 гумонбари ҳодисаҳои январиро дар натиҷаи шиканҷа эътироф кард


Додситони кулли Қазоқистон Ризобек Ожаров эътироф кард, ки шаш дастгиршуда дар ҷараёни ҳодисаҳои моҳи январ дар натиҷаи "шеваҳои ғайриқонунии бозпурсӣ" дар боздоштгоҳи муваққатӣ ба ҳалокат расидааст.

Ӯ дар суҳбат бо расонаи "Казахстанская правда" гуфтааст, додситонҳои махсус чанд рӯз пеш танҳо дар робита ба "шеваҳои ғайриқонунии бозпусрӣ"-е, ки ба марг анҷомидаанд, тафтишотро оғоз карданд.

Ба гуфтаи додситони кулли Қазоқистон, ду нафар дар боздоштгоҳи Алмато, се кас дар вилояти Қазоқистони Шарқӣ ва як нафар дар Толдиқурғон ҷон бохтааст.

"Ба ҷуз ин, мо парвандаи пурсарусадои шиканҷаи сокини Толдиқурғонро бо дармоз таҳти назорат гирифтаем", - афзуд Ожаров.

"Утюг для меня – символ пыток. Поэтому я решил подарить утюг президенту Токаеву"
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:33 0:00

Рӯзи 2-уми январ дар Қазоқистон эътироз дар робита ба боло рафтани нархи гази моеъ оғоз шуд. Рӯзи 6-уми январ эътироз дар Алмато ба хушунат печид. Қосимҷомарт Тоқаев, президенти ин кишвар гуфт, ки ба Қазоқистон "террористон" ҳамла кардаанд ва аз кишварҳои узви созмони СПАД кумак хост.

Кумитаи иҷрои ҷазои Вазорати умури дохилии Қазоқистон хабар дод, ки 728 кас бо гумони иштирок дар бетартибиҳои моҳи январ дар боздоштгоҳ нигаҳдорӣ мешаванд.

XS
SM
MD
LG