Сардори Идораи ҳамкориҳои байналмилалии Вазорати молияи Қирғизистон Нурбек Акжолов ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, ин сармояҳо тариқи ду самт - сармоягузории давлатӣ ба иҷрои бузургтарин тарҳо ва дастгирии буҷа ворид шудаанд.
"11,4 млрд сом ба дастгирии буҷаи давлат равона шуда, ба тарҳҳои бузург 26,4 млрд сом ҷалб гаштааст. Аз ин миён, 17,9 сом қарз ва 8,5 млрд сом грант аст", - изҳор дошт Акжолов.
Бар асоси омори моҳи декабри соли 2021, қарзи Қирғизистон ба 436 млрд 270,7 млн сом ё 5 млрд 147,2 млн доллар расидааст. Бештари он ё 4 млрд 294,5 млн доллараш қарзи хориҷӣ аст.