Пештар аз ин Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, эълон кард, ки ба “амалиёти махсуси ҷангӣ” дар Украина оғоз мекунад, ки нигарониро аз оғози ҷанги васеъ дар Аврупо барангехт.
Владимир Зеленский гуфт, ки бо Ҷо Байден бо раиси ҷумҳури Амрико суҳбати телефонӣ доштааст ва афзуд, ки “Русия ба зербунёдҳои низомӣ дар воҳидҳои марзбони Украина зарба задааст.” Раиси ҷумҳури Украина гуфт, ки дар саросари кишвар вазъи ҷангӣ эълон мекунад ва ба мардум ҳушдор дод, ки “дар хонаҳояҳошон бимонанду ва наҳаросанд.” Владимир Зеленский афзуд, “тамоми арсаи амният ва дифоии Украина” кор мекунанд ва “мо омодаи ҳама чиз ҳастем.” Украина тамоми қаламрави ҳавоиашро барои парвозҳои ҳавопаймоҳои ғайринизомӣ баст.
Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия субҳи панҷшанбеи 24-уми феврал фармони амалиёти низомии вижа дар минтақаи Донбасси Украинаро содир кард. Ин фармон пас аз он содир шуд, ки чанд соат пеш ҷудоиталабони Украина аз Русия кӯмаки низомӣ хоста буданд. Путин ду рӯз пеш "истиқлолият"-и "Ҷумҳурии халқии Донетск" ва "Ҷумҳурии халқии Луганск"-ро эълон карда буд.
Тибқи иттилои хабаргузории русии РИА Новости, Путин изҳор дошт, ки даргирии низомӣ байни нерӯҳои Русия ва Украина "гурезнопазир" аст. Вай иддао кард, ки "иқдомоти Русия дифоъ аз худ дар баробари таҳдидҳо ва барои пешгирӣ аз мушкилоти калонтар аст". Раиси ҷумҳури Русия ҳамчунин гуфт, ки мехоҳад Украинаро "ғайринизомӣ" кунад.
Путин сипас ҳушдор дод, ки ҳар гуна талоши кишварҳои хориҷӣ барои мудохила дар баробари иқдомҳои Русия "пайомадҳое хоҳад дошт, ки онҳо то ба ҳол надидаанд". Тибқи гузоришҳо, пас аз содир шудани фармони Путин, чандин садои таркиш дар Киев, Одесса, Харков, Днепр ва дигар шаҳрҳои пойтахти Украина шунида шудааст ва нерӯҳо аз чанд мавқеъ дар Русия ва Белорус вориди қаламрави Украина шуданд.
Телевизиони СNN навори таркиш дар чанд қисмати Киевро нишон дод. Хабаргузории "Рейтерз" ҳам аз таркиш таркиш дар пойтахти Украина хабар дод. Таркиш ҳамчунин дар "Бориспол" -- фурудгоҳи аслии Киев шунида шудааст. Ҳанӯз ҳеҷ гузориш дар бораи шумораи кушташудаҳо ва захмиёни ин ҳамлаҳо нашр нашудааст. Аммо сухангӯи вазорати умури дохилии Украина гуфт, ҳамлаи густурда оғоз шудааст.
Шоми чаҳоршанбе Энтони Блинкен, вазири корҳои хориҷии Амрико гуфта буд, ки бар асоси далелҳои ба даст омада, бовар дорад, Русия эҳтимолан субҳи панҷшанбе ҳамлаи худро ба Украина оғоз мекунад. Оқои Блинкен дар суҳбат бо шабакаи хабарии NBC дар посух ба ин суол, ки оё фикр мекунад Русия то пеш аз поёни шаби чаҳоршанбе ба Украина ҳамла кунад, изҳор дошт, "бале, чунин фикре мекунам. Русия нерӯҳои худро дар саросари марзи Украина, аз шимол, шарқ ва ҷануб ба ҳолати омодабоши комил даровардааст".
Вай афзуд, "ба назар мерасад ҳама чиз барои Русия муҳайёст, то даст ба як ҳамлаи бузург алайҳи Украина бизанад".
Кремл шоми чаҳоршанбе эълон карда буд, ки ҷудоиталабони шарқи Украина аз Русия барои муқобила бо ончи "таҷовуз"-и Украина хондаанд, кӯмак талаб карданд. Ғарб қаблан ҳушдор дода буд, ки Русия дар пайи баҳонае барои ҳамла ба Украина мегардад ва аз ин рӯ, дархости кӯмаки ҷудоиталабон муқаддимаи эҳтимолӣ барои ҷанг хоҳад буд.
Лаҳзае пас аз он, раиси ҷумҳури Украина иддаои Маскав дар бораи таҳдид шудан аз сӯи Украинаро рад кард ва ҳушдор дод, ки ҳамлаи Русия ба баҳои ҷони даҳҳо ҳазор нафар тамом хоҳад шуд.
Владимир Зеленский зимни муроҷиат ба сокинони кишвараш гуфт, "мардуми Украина хостори сулҳ ҳастанд. Аммо агар таҳти ҳамла қарор бигирем, агар бубинем, ки мехоҳанд кишварамон, озодиҳоямон, зиндагиҳоямонро бигиранд, аз худамон дифоъ хоҳем кард".
Вай изҳор дошт, шоми чаҳоршанбе хостори гуфтугӯи телефонӣ бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия шуд, аммо Кремл посух надодааст.
Оқои Зеленский бо ишора ба фармони Путин дар бораи фиристодани нерӯҳои рус ба шарқи Украина ва минтақаҳои ҷудошуда аз он ҳушдор дод, ки "ин иқдом метавонад сароғози як ҷанги калон дар қораи Аврупо бошад".
Тибқи гузоришҳо, Русия ҳарими ҳавоӣ дар минтақаҳои ҳаммарз бо Украинаро баста, сабаби онро "таъмини амният"-и парвозҳои ғайринизомӣ гуфтааст. Украина низ эълон кард, ки парвозҳои ғайринизомиро дар ҳарими ҳавоии худ бинобар "хатарҳо" дастикам то поёни рӯзи панҷшанбе маҳдуд мекунад.