Ссылки доступа

Сохтани неругоҳи атомӣ дар Қазоқистон $5 млрд харҷ хоҳад дошт


Жаслан Касенов, мудири департаменти неруи атомӣ ва саноати вазорати энержии Қазоқистон рӯзи 23 феврал гуфт, ки сохтмони неругоҳи амтоӣ дар ин кишвар 5 млрд доллар харҷ хоҳад дошт.

Ба гуфтаи вай, айни замон бо 5 ширкат: NuScale (ИМА), GE-Hitachi (ИМА — Ҷопон), KHNP (Куриё), CNNC (Чин), EDF (Фаронса) ва "Росатом" (Русия) барои сохтани неругоҳи атомӣ гуфтугӯ идома дорад

Касенов гуфт, ки неругоҳи атомӣ харҷи сохтмонро дар 20 сол мепӯшонад.

Айни замон макони ниҳоии сохтмони неругоҳи атомӣ дар Қазоқистон интихоб нашудааст.

XS
SM
MD
LG