Зеленский тавассути твиттер ба президенти ИМА Ҷо Байден, садри аъзами Олмон Олаф Шолтс, сарвазири Бритониё Борис Ҷонсон ва дигар роҳбарони ғарбӣ муроҷиат ва ба манъи фаврии Путин даъват кард.
"Ба манъи фаврии Путин, ҷанги зидди Украина ва дунё даъват мекунам. Эътилофи зидди Путинро месозем. Таҳримҳои фаврӣ, кӯмаки низомиву молӣ ба Украина. Бастани фазои ҳавоӣ. Дунё бояд Русияро ба сулҳ водорад", - навишт Зеленский.
Пештар дар робита ба оғози амалиёти низомии Русия дар Украина Ҷо Байден, Борис Ҷонсон ва дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг изҳорот доданд. Байден гуфт, "танҳо Русия масъули харобкорӣ хоҳад буд", ки ба Украина ҳамла кардааст. Борис Ҷонсон зикр кард, ки Путин "роҳи хунрезӣ ва вайронсозиро интихоб кардааст". Ҷонсон ҳамзамон ваъда кард, ки Бритониё ва ҳампаймононаш посухи қатъӣ хоҳанд дод. Столтенберг аз Русия хост, "ҳамлаи бехирадона ва бебаҳона"-ро фавран қатъ кунад.
Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия субҳи панҷшанбеи 24-уми феврал фармони амалиёти низомии вижа дар минтақаи Донбасси Украинаро содир кард. Ин фармон пас аз он содир шуд, ки чанд соат пеш ҷудоиталабони Украина аз Русия кӯмаки низомӣ хоста буданд. Путин ду рӯз пеш "истиқлолият"-и "Ҷумҳурии халқии Донетск" ва "Ҷумҳурии халқии Луганск"-ро эълон карда буд.
Владимир Зеленский президенти Украина гуфт, ки бо Ҷо Байден бо раиси ҷумҳури Амрико суҳбати телефонӣ доштааст ва афзуд, ки “Русия ба зербунёдҳои низомӣ дар воҳидҳои марзбони Украина зарба задааст.” Раиси ҷумҳури Украина гуфт, ки дар саросари кишвар вазъи ҷангӣ эълон мекунад ва ба мардум ҳушдор дод, ки “дар хонаҳояҳошон бимонанду ва наҳаросанд.” Владимир Зеленский афзуд, “тамоми арсаи амният ва дифоии Украина” кор мекунанд ва “мо омодаи ҳама чиз ҳастем.” Украина тамоми қаламрави ҳавоиашро барои парвозҳои ҳавопаймоҳои ғайринизомӣ баст.