Ссылки доступа

Мақомоти Қирғизистон аз шаҳрвандони ин кишвар хостанд, ба Украина сафар накунанд


Дар робита ба рӯйдодҳои Украина вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон аз қирғизистониҳо хост, ки ба Украина сафар накунанд.

Вазорати корҳои хориҷӣ ҳамчунин ба қирғизистонии воқеъ дар Украина тавсия додааст, ки қонунгузории он кишвар ва тартиби будубошро риоя кунанд ва дар сурати зарурат, амнияти худро ҳифз намоянд.

Бино ба иттилои расмӣ, 680 қирғизистоние, ки дар Украина ҳузур доранд, дар сафорати Қирғизистон дар он кишвар сабти ном шудаанд. Дар маҷмуъ, дар Украина 1350 қирғизистонӣ ҳузур дорад.

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия субҳи панҷшанбеи 24-уми феврал фармони амалиёти низомии вижа дар минтақаи Донбасси Украинаро содир кард. Ин фармон пас аз он содир шуд, ки чанд соат пеш ҷудоиталабони Украина аз Русия кӯмаки низомӣ хоста буданд. Путин ду рӯз пеш "истиқлолият"-и "Ҷумҳурии халқии Донетск" ва "Ҷумҳурии халқии Луганск"-ро эълон карда буд.

Владимир Зеленский президенти Украина гуфт, ки бо Ҷо Байден бо раиси ҷумҳури Амрико суҳбати телефонӣ доштааст ва афзуд, ки “Русия ба зербунёдҳои низомӣ дар воҳидҳои марзбони Украина зарба задааст.” Раиси ҷумҳури Украина гуфт, ки дар саросари кишвар вазъи ҷангӣ эълон мекунад ва ба мардум ҳушдор дод, ки “дар хонаҳояҳошон бимонанду ва наҳаросанд.” Владимир Зеленский афзуд, “тамоми арсаи амният ва дифоии Украина” кор мекунанд ва “мо омодаи ҳама чиз ҳастем.” Украина тамоми қаламрави ҳавоиашро барои парвозҳои ҳавопаймоҳои ғайринизомӣ баст.

XS
SM
MD
LG