Ссылки доступа

Қазоқистон ба ширкатҳои ҳавопаймоӣ парвоз аз фарози Украинаро манъ кард


Кумитаи авиатсияи шаҳрвандии Қазоқистон ба ширкатҳои ҳавопаймоии ин кишвар дастур дод, ки аз фарози Украина парвоз накунанд.

"Дар робита ба сатҳи баланди хатар барои парвозҳои шаҳрвандӣ дар ҳудуди Украина парвози ҳама гуна ҳавопаймоҳо ба он кишвар манъ аст", - омадааст дар хабари кумитаи авиатсияи шаҳрвандӣ.

Имрӯз парвози ҳавопаймоҳо аз Алмато ба Киев, Нурсултон-Киев бекор шудааст.

Ширкати ҳавопаймоии "Эйр-Остона" хабар дод, ки парвозҳояшро ба Украина то 7 март бекор кардааст.

XS
SM
MD
LG