Ссылки доступа

Тазоҳуроти қазоқистониҳо ба ҷонибдорӣ аз Украина бо боздошт анҷомид (видео)


Пулиси шаҳри Алматои Қазоқистон 24 феврал ҳудуди даҳ нафареро, ки ба ҷонибдорӣ аз Украина дар назди консулгарии Русия таҷаммуъ карданд, боздошт кард.

Иштирокдорони ҳамоиши эътирозӣ дар даст парчами Украина ва лавҳаҳоеро бо навиштаҳои "Даст аз Украина бардор!", "Зинда бод, Украина!" ва "Нест бод, ҷанг!" доштанд.

"Мо зидди ҷанг, зидди ҳамлаи Русия ба кишвари соҳибихтиёр ҳастем. Мо ба ҳеч ваҷҳ инро дастгирӣ намекунем. Мо изҳори ҳамраъйӣ бо Украинаро мекунем. Мо мехоҳем бигӯем, ки дар Қазоқистон ҷонибдорони мардуми Украина ҳастанд", - гуфт фаъоли маданӣ Дархан Шарипов.

"Ҳодисаи ҷорӣ ба мо низ дахл дорад. Кӣ медонад, ки баъди Украина навбати кӣ аст", - изҳор дошт эътирозгари дигар Анар Искендирова.

Намояндаи консулгарии Русия ба назди эътирозгарон баромада, гуфт, онҳо бояд аз баргузории ҳамоиш ин ниҳодро огаҳ мекарданд.

Кормандони пулис баъди гузаштани 40 дақиқа аз оғози ҳамоиши эътирозӣ ҳамаи иштирокдоронро боздошт карда, ба шуъба бурданд.

Сиёсатшинос Димаш Алжанов аксҳоеро аз раванди боздошти эътирозгарон дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук нашр кардааст.

XS
SM
MD
LG