Ссылки доступа

Дастгоҳи президенти Украина: 40 сарбоз кушта шудааст


Мушовири дастгоҳи президенти Украина Алексей Арестович 24 феврал хабар дод, ки дар натиҷаи зарбаҳои мушакии Русия беш аз 40 низомии Қувваҳои мусаллаҳи ин кишвар ҷон бохта, даҳҳо тани дигар захмӣ шудаанд.

Мақомоти Украина ҳамчунин аз кушта шудани 10 сокини осоишта низ хабар медиҳанд.

Пештар "Медиазона" хабар дода буд, ки дар натиҷаи партоби мушакҳо ба вилояти Одесса шаш нафар ҷон бохтааст. Ҳамчунин дар Мариупол як кас ва дар вилояти Херсон се тани дигар кушта шудааст. Дар вилояти Харкови Украина як кудак бар асари оташ гирифтани хона ҷон бохтааст.

Нерӯҳои Русия субҳи 24-уми феврал ба Украина ҳамла карданд. Киев бонги хатар зад ва вазъияти ҷангӣ эълон намуд.

XS
SM
MD
LG