Ссылки доступа

Дар ҷануби Қазоқистон садҳо коргари ширкати "Казатомпром" эътироз доранд


Дар ноҳияи Сузаки вилояти Туркистони Қазоқистон рӯзи 24 феврал садҳо коргари корхонаи марбут ба ширкати "Казатомпром" корпартоӣ карданд.

Онҳо афзоиши саддарсадии маошро талаб доранд.

Эътирозгарон гуфтанд, муроҷиати дастаҷамъиро ба корфармо супурдаанд.

Нурлун Беков, яке аз коргарон гуфт, бештар аз 20 сол аст, дар корхонаи мазкур кор мекунад ва 300 доллар маош мегирад, ки ба зиндагиаш намерасад. Коргарони дигари ширкат ҳамин даъворо доранд.

XS
SM
MD
LG