Ссылки доступа

Қосим Раҳбар гуфт, ҳисоби бонкиро дар Швейтсария “як қаллоб” боз кардааст 


Қосим Раҳбар, раиси шаҳри Ҳисор ва вазири пешини ҳукумати Тоҷикистон.
Қосим Раҳбар, раиси шаҳри Ҳисор ва вазири пешини ҳукумати Тоҷикистон.

Қосим Раҳбар, раиси ноҳияи Ҳисор ва вазири пешини ҳукумати Тоҷикистон дар суҳбат бо нашрияи “СССР” будани ҳисоби бонкиро ба номаш дар як бонки Швейтсария тасдиқ кардааст, вале гуфтааст, онро нохудогоҳ ва бо миёнаравии як соҳибкор боз кардааст.

Ва бахши зиёди маблағҳои ин ҳисоб аз они ӯ нестанд.

"Дар ҳолати мадҳушӣ қарор доштам, ки ӯ чанд ҳуҷҷатро барои имзо овард. Ҳуҷҷатҳо бо забони англисиву немисӣ буданду ман ба онҳо дуруст аҳамият надода, имзо гузоштам ва нусхаи шиносномаамро ҳам додам. То ҷойе огаҳ дорам, ба номам дар ин клиника суратҳисоби бонкӣ кушода, харҷи табобатамро аз пули худам пардохт карда буд", -- гуфтааст ӯ ба хабарнигори "СССР" Ҷамила Ҳусейнова.

Ин суханон дар вокуниш ба як пажуҳиши Маркази пажӯҳиши фасод ва ҷиноятҳои созмонёфта ё OCCRP гуфта шудаанд, ки 21-уми феврал аз ҳисоби бонкии Қосим Раҳбар дар Credit Suisse-и Швейтсария хабар дод. Ба гуфтаи ин манбаъ, Қосим Раҳбар соли 2004 дар бонки Швейтсария суратҳисоби бонкӣ кушода, дар он ҷо 8 миллиону 883 ҳазору 230 франки швейтсарӣ, ба ҳисоби ҳозира, баробар ба 9 миллиону 641 ҳазору 458 доллари амрикоиро нигоҳ доштаааст.

Қосим Раҳбар дар суҳбат бо "СССР" ин ҳисоби бонкиро ба захмӣ шуданаш ҳангоми сӯиқасд ба ҷони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Хуҷанд дар соли 1997 пайванд дода, гуфтааст, борҳо барои табобати захм ба кишварҳои гуногун, аз ҷумла Аврупо сафар мекард ва барои табобат дар Вена мебоист ҳисоби бонкии хориҷӣ медошт.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҳамин ҳол як соҳибкоре, ки шаҳрванди Австрия буда, дар вилояти Суғд ба сармоягузорӣ машғул буд, ба кумакаш мерасад. Ӯ аз ин соҳибкор ном набурдааст, вале гуфтааст, ӯ ҳоло зери пайгарди байналмилалист. Имзои ҳуҷҷатҳои таъсиси ҳисоби бонкӣ, ба гуфтаи Раҳбар нохудогоҳона сурат гирифтааст.

Ӯ ба нашрияи "СССР" нақл кардааст, ки танҳо соли 2007 аз боз шудани суратҳисоб ба номаш огаҳӣ ёфтааст. Қосим Раҳбар гуфтааст, ҳеҷ гоҳ тариқи ин суратҳисоб доду гирифт накардааст.

"Ман 1 сол рафтаву омада дар Вена табобат гирифтам ва танҳо дар соли 2007 фаҳмидам, ки ин соҳибкор ба ман хизмати хирсона кардааст. Ошноӣ ва тамоми алоқаҳоро бо эшон қатъ кардам. Мавсуф, ки қаблан барои қаллобияш зери назорат будааст, тавассути суратҳисоби ба номи ман кушода пулҳои худро гузаронида, тиҷораташро дар Тоҷикистон давом дода, боз чанд нафари дигарро ҳам фиреб додаст. Чун пулашро гирифта наметавонад, ҳар гуна хабар паҳн мекунад.",--гуфтааст ӯ.

Хабар дар бораи суратҳисоби Қосим Раҳбар дар доираи “Suisse Secrets”, як лоиҳаи муштараки журналистӣ ба даст омадааст. Як нафари номаълум ба рӯзномаи олмонии “Süddeutsche Zeitung” ҳисобҳои 18 ҳазор нафарро дар бонки Швейтсария пешниҳоди ин нашрия кардааст. Маълумот дар бораи соҳибони ҳисобҳои бонкӣ зиёд набуд, аз ин рӯ, OCCRP ва 46 расонаи дигар ба таҳқиқи ин ҳисобҳо оғоз карданд. Дар бастаи ҳуҷҷатҳо сар аз соли 1940 ҳисобҳои бонкии афроди гуногун аз кишварҳои дунё вуҷуд дошт, ки маблағи беш аз 100 миллиард долларро дар бар мегирифт. Нафаре, ки ин маълумотро ба нашрияи олмонӣ додааст, гуфтааст, қонунҳои Швейтсария ноодилонаанд, ки ҳаққи ифшои соҳибони суратҳисобҳоро намедиҳад. Ба гуфтаи ӯ, ин имкон медиҳад, ки фасодкорон аз кишварҳои камбизоат пулҳоро медузаданд ва дар бонкҳои ин кишвар нигаҳ медоранд.

Тасдиқи дурустии иддаои Қосим Раҳбар, ки ин суратҳисобро бидуни огаҳии ӯ боз кардаанд, мушкил аст. Маъмулан, бидуни имзо ва ризоияти як нафар боз кардани суратҳисоб ба номаш ва берун кардани пул аз суратҳисоб кори осоне нест.

Таҳқиқгарони OCCRP мӯътақиданд, ки ин пул аз Қосим Раҳбар будааст ва каси дигар наметавонист онро истифода кунад. Дар матлаби ин бунгоҳи таҳқиқгар навишта шудааст, ки як роҳи ба даст овардани сармоя “метавонад тиҷорати инфиродӣ бошад.” Ҳарчанд, дар Тоҷикистон мақомдорони давлатӣ ҳаққи тиҷорат надоранд, аммо онҳо имкони бо номи хешовандонашон сабт кардани тиҷоратро доранд.

Дар ин таҳқиқот аз Зафар Қосимов, бародари Раҳбар Қосим ном бурда мешавад, ки соҳиби ширкати “Тирози Ҷаҳонӣ” ва ташкилоти хурди қарздиҳии “Матин” аст. Ҷаъфар Қосимов, бародари дигари ӯ дар Русия тиҷорати бузург доштааст.

Соли 2006 маълумотҳои сафорати Амрико дар Тоҷикистонро сомонаи Викликс фош кард, ки дар яке аз онҳо гуфта мешавад, бародари Қосим Раҳбар “шарики аслӣ”-и ширкати мобилии “Indigo Cellular” дар Суғд аст.​

Пажӯҳишгарони OCCRP Қосим Роҳбарро ҳампаймони президент Эмомалӣ Раҳмон тавсиф кардаанд, ки як муддат тиҷорати пахта, яке аз маҳсулоти содиротии Тоҷикистон ва манбаи асосии асъори хориҷиро зери назорат доштааст.

Муҳаққиқон навиштаанд, дар як паёми дипломатии Амрико дар соли 2008 ӯ "шахсе бо гузаштаи шубҳаовар" номбар шудааст, вале дар замина шарҳи кофӣ дар даст нест.

Ба гуфтаи муҳаққиқон, Қосим Раҳбар дар замони раиси вилояти Суғд будан бо сарояндаи ҷавон Фирӯза Алифова издивоҷ мекунад ва ҳоло ӯ ҳамсараш ҳаст. Дар таҳқиқот гуфта шудааст, дар аксҳое, ки Фирӯза Алифова дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо Қосим Раҳбар ҳамроҳ нашр кардааст, онҳо дар хонаҳои гаронқиммат дида мешаванд.

Қосим Роҳбар, ки дар гузашта бо номи Қосим Қосимов машҳур буд, 58-сола аст ва моҳи январи имсол раиси шаҳри Ҳисор таъин шуд. То ин дам раёсати Кумитаи рушди маҳал, як ниҳоди навтаъсисро дар Тоҷикистон бар уҳда дошт. Аз соли 1994 то 1996 раиси Хуҷанд буд.

Соли 1996, пас аз ду соли интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон, ки дар он аз Эмомалӣ Раҳмон пуштибонӣ кард, ба мансаби раиси вилояти Суғд расид. Даҳ сол дар ин мақом кор кард.

Дар солҳои 2008-2015 дар мансаби вазири кишоварзии Тоҷикистон фаъолият дошт. Номи ӯ дар робита ба эълони ҷамъоварии як миллион тонна картошка ва якбора боло рафтани нархи ин навъи маҳсулот дар бозорҳои кишвар як муддат дар сархати расонаҳо буд.

Қосим Раҳбар гуфтааст, хабари ҳисоби бонкӣ барояш нав набуд, чун "10 сол пеш дар ин бора дар хабаргузории "Центразия" низ матлабе айнан ба ҳамин маъно нашр шуда буду ҳамон замон ин масъала баррасӣ гашт." Аммо шарҳ надодааст, ки масъала дар куҷо ва аз ҷониби кӣ баррасӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG