Ссылки доступа

Узбекистон шаҳрвандонашро аз Украина тавассути Лаҳистон берун меорад


Узбекистон шаҳрвандонашро аз қаламрави Украина тавассути Лаҳистон берун меорад.

"Мақомоти Лаҳистон розӣ шуданд, ки ба шаҳрвандони Узбекистон иҷозаи бидуни виза убур кардани марзашонро бидиҳанд", - хабар доданд аз сафорати Узбекистон дар Киев.

Шаҳрвандони Узбекистон вазифадоранд, ки ҳангоми убури марз бо худ ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият дошта бошанд. Ҳамзамон, дар хабари сафорат гуфта шудааст, ки шаҳрвандони Узбекистон танҳо бо роҳбаладии намояндагони сафорат метавонанд, марзи Лаҳистонро убур кунанд.

Рӯзи 24 феврал хабар дода шуда буд, ки дар Украина наздики 4300 шаҳрванди Узбекистон қарор дорад.

XS
SM
MD
LG