Ссылки доступа

Украина алайҳи Русия ба Додгоҳи байнулмилалӣ шикоят кардааст


Раисиҷумҳури Украина Владимир Зеленский гуфт, кишвараш алайҳи Русия ба Додгоҳи байнулмилалӣ, ки баҳсҳои ҳуқуқии байни давлатҳоро ҳал мекунад, даъво бурд.

Ҳанӯз рӯшан нест, парванда бо кадом асос ба Додгоҳи Ҳейг (Гаага) фиристода шудааст. Зеленский рӯзи 27-уми феврал дар Твиттер навишт, “Украина аризаи худро алайҳи Русия ирсол кард.”

Русия рӯзи 24-уми феврал ба Украина ҳамла кард. Киев ва кишварҳои ғарбӣ онро таҷовуз ба хоки Украина медонанд. Маскав “амалиёти вижа” барои ғайринизомӣ кардани Украина.

Ду тараф омодагии худро барои гуфтушуниди сулҳ эълон карда, вале дар мавриди макони музокирот ба натиҷае нарасидаанд.

XS
SM
MD
LG