Манбаъ дар баёнияе рӯзи 27-уми феврал гуфт, музокирот ҳосили гуфтугӯи телефонии Зеленский ва раҳбари худкомаи Беларус, Александр Лукашенко, аст ва бидуни ҳеч шарте сурат хоҳад гирифт.
"Мо ба мувофиқа расидем, ки ҳайати Украина бо ҳайати Русия бидуни ягон шарт дар марзи Украинаву Беларус, дар наздикии рӯдхонаи Припят, мулоқот кунад," -- омадааст дар изҳорот.
Аз ин пеш раисиҷумҳури Украина гуфта буд, кишвараш барои гуфтушуниди сулҳ бо Русия омода аст, аммо на дар Беларус. Владимир Зеленский Варшава, Братислава, Истанбул, Будапешт ё Бокуро ҳамчун макони алтернативии музокирот бо Русия пешниҳод кард.
Кремлин 27-уми феврал хабар дод, ки ҳайати Русия барои гуфтугӯ бо мақомоти Украина ба шаҳри Гомели Беларус рафтааст. Ба қавли Дмитрий Песков, сухангӯйи Кремлин, ба ин ҳайат низомиёну дипломатҳо шомиланд.
Эъломия дар бораи гуфтушуниди сулҳ дар рӯзи чаҳоруми ҳамлаи Русия ба Украина садо дод. Кишварҳои ғарбӣ ба зидди Русия таҳримҳои сахт ҷорӣ карда, ба ҳимояти низомӣ аз Украина силоҳу муҳиммот фиристодаанд.