Асадов изҳор дошт, ки раҳбарони Узбекистон ва Русия дар баробари баррасии масоили муҳими ҳамкориҳои дуҷониба, ҳамчунин дар робита ба вазъ атрофи Украина табодули афкор намуданд.
"Президенти Русия раҳбари давлати моро аз сабабҳои гирифта шудани тасмими гузаронидани амалиёти махсус огаҳ кард. Президенти Узбакистон дар навбати худ изҳори умед кард, ки ҷонибҳо ба зудӣ роҳҳои муносиби ҳалли вазъ ва пешгирӣ аз ташдиди минбаъдаи онро пайдо хоҳанд кард", - афзуд сухангӯи Шавкат Мирзиёев.
"Кишвари мо тибқи анъана, ҳам бо Русия ва ҳам бо Украина муносибатҳои дустона дорад. Мо алоқаманди таъмини сулҳ, субот ва рушди устувор дар минтақаамон ҳастем. Ҳамаи баҳсу ихтилофи назарҳо бояд дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ ҳал шаванд", - илова кард Асадов.