Ссылки доступа

Киев аз Бишкек хостааст, Украинаро дастгирӣ кунад


Сафири Украина дар шаҳри Бишкек Валерий Жовтенко 28 феврал дар як нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки дар робита ба вазъи кишвараш дар Қирғизистон бо кӣ мулоқот карданист.

Вай гуфт, аллакай бо вазири умури хориҷии Қирғизистон Руслан Қазоқбоев мулоқот ва дар бораи оқибатҳои ҳамлаи Русия ба Украина суҳбат кардааст. Ӯ дар ин вохӯрӣ аз Бишкек дархост кардааст, ки Киевро дастгирӣ кунад.

"Чи гуна будани вокунишро метавонед аз сомонаи Вазорати умури хориҷии Қирғизистон пайдо кунед. Ман ҳамчунин бо сафирони кишварҳои аврупоӣ дар Қирғизистон ва ҳамоҳангсози Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ, ки дар Бишкек қарор дошт, мулоқот кардам. Қарор аст, ӯ бо президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов мулоқот кунад. Аз вай дархост кардам, ки иттилои маро ба президент расонад. Ман тасмим дорам, бо яке аз раҳбарони дастгоҳи президенти Қирғизистон мулоқот карда, ҳақиқати вазъро ба онҳо расонам. Вазъ ҳар лаҳза тағйир меёбад ва хабарҳои дуруғ хеле зиёд шудаанд", - изҳор дошт дипломати украин.

Ҳамлаи Русия ба Украина рӯзи панҷум аст, ки идома дорад. Дар минтақаҳои шимолу шарқ ва ҷануби ин кишвар задухурдҳои мусаллаҳона миёни низомиёни ду кишвар ҷараён доранд.

XS
SM
MD
LG