Ссылки доступа

107 қирғизистониро аз Украина ба Маҷористон бурданд


Рӯзи 28 феврал 107 қирғизистониро аз Украина ба Маҷористон (Венгрия) бурданд.

Ба иттилои вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон, ин нахустин берунории қирғизистониҳо аз Украина буд, ки миёни онҳо 68 фарди калонсол, 5 донишҷӯ ва 34 ноболиғ буданд. Кормадони сафорати Қирғизистон дар Украина ин шаҳрвандонро ҳамроҳӣ кардаанд.

Сафири Қирғизистон дар Украина Идрис Қодирқулов навори лаҳзаи ҳаракати қирғизистониҳоро дар Фейсбук нашр кард.

Пештар ин сафарот хабар дода буд, ки 12 қирғизистонӣ ба Лаҳистон, 16 тани дигар ба Молдова ва 6 каси дигар ба Руминия рафтааст. Гуфта мешавад, то рӯзи 24 феврал - замони шуруъи ҷанги Русия - дар Украина бештар аз 1350 шаҳрванди Қирғизистон қарор дошт.

XS
SM
MD
LG