Ссылки доступа

Омори гирифторӣ ба коронавирус дар Узбекистон коҳиш меёбад


Теъдоди сабтшавии ҳолатҳои гирифторӣ ба вабои коронавирус дар Узбекистон коҳиш меёбад.

Ба иттилои вазорати тандурустии он кишвар, рӯзи якшанбеи 27 феврал дар Узбекистон 106 ҳолат ва рӯзи шанбеи 26 феврал 125 ҳолат сабт шудааст.

Теъдоди умумии гирифторон аз моҳи марти соли 2020 то ин замон ба бештар аз 236,4 ҳазор расидааст.

Рӯзи якшанбе 2 ҳолати марг аз пайомадҳои коронавирус ба қайд гирифта шудааст. Ба ин тартиб, шумори умумии фавтидагон аз коронавирус дар Узбекистон ба 1635 расидааст.

XS
SM
MD
LG