Ронандаи мошини боркаш Олег Броммер аз шаҳри Оқтеппаи Қазоқистон, ки пеш аз ҳамлаи Русия барои овардани маҳсулоти қаннодӣ ба Киев рафтааст, мегӯяд, ҳоло дар 30-километрии пойтахти Украина қарор дорад ва ҳамроҳи ӯ чанд ронандаи дигари қазоқ низ ҳастанд.
"Чанд рӯз мешавад, ки бо нашри муроҷиатномаҳои видеоӣ аз ниҳодҳои дахлдор дархости кумак мекунем, вале ҳеч вокунише нест. Зоҳиран, ҳукумати Қазоқистон моро фаромӯш кардааст", - гуфт Броммер.
Дасти кам, танҳо аз Оқтеппаи Қазоқистон 11 мошини боркаш дар маҳалли задухурдҳои мусаллаҳона дар Украина қарор доранд.
Палатаи миллии соҳибкорони Қазоқистон дар посух ба дархости ширкатҳое, ки ҳоло мошинҳояшон дар Украина дармондаанд, гуфтааст, ҳукумати ин кишвар аз қазияи ронандагон огаҳ аст. Дар палата изҳори умед кардаанд, ки Қазоқистон барои ташкили "долони сабз" бо ҷониби Украина ва марзбонҳои он ба созиш хоҳад расид.