Ссылки доступа

Назарсанҷӣ: Садҳо қазоқистонӣ зидди бунёди нерӯгоҳи ҳастаӣ дар Узбекистонанд


Фаъолони ҳифзи муҳити зисти созмони Осорхонаи экологии вилояти Қарағандаи Қазоқистон баъд аз нашри хабарҳо дар бораи бунёди нерӯгоҳи ҳастаӣ дар Узбекистон назарсанҷии интернетиеро анҷом додаанд.

Экологи қазоқ ва иштирокчии бартарафсозии оқибатҳои садама дар нерӯгоҳи Чернобил Дмитрий Калмиков дар суҳбат бо бахши қазоқии Радиои Озодӣ 28 феврал гуфт, иштирокдорон дар назарсанҷиии онҳо ба 11 суол посух гуфтанд.

Ба гуфтаи ӯ, аксари пурсидашудаҳо (ҳудуди 90 дарсад), ки синашон аз 25 то 44 буд, гуфтаанд, зидди бунёди нерӯгоҳои ҳастаии Узбекистон дар марз (дар наздики 50-километрӣ) бо Қазоқистон ҳастанд. Танҳо каме бештар аз 11 дарсад аз тарҳи бунёди нерӯгоҳ ҷонибдорӣ кардаанд.

Беш аз ними пурсидашудаҳо гуфтаанд, бунёди нерӯгоҳи мазкур дар Узбекистон ба Қазоқистон манфиате намеорад.

Созмондиҳандагон гуфтаанд, мехоҳанд натиҷаи ниҳоии назарсанҷии худро ба ҳукумат ва маъмурияти президенти Қазоқистон фиристанд.

XS
SM
MD
LG