Рӯзноманигорони бахши узбекии Радиои Озодӣ тавонистанд, ин мардро пайдо карда, бо ӯ суҳбат кунанд. Ин ронандаи узбек, ки шахсияти ӯ ба далели амниятӣ ошкор намешавад, тасдиқ кард, ки бо мошинҳои боркаши Вазорати дифои Русия ба вилояти Луҳанск рафтааст.
Ӯ гуфт, дар асоси қарордод ба муҳлати се моҳ барои низомиёни рус ронандагӣ мекунад. Ҳамсуҳбати мо пинҳон накард, ки бар ивази дарёфти шаҳрвандии Русия, хона ва маоши хуб ба ин кор розӣ шудааст. Моҳонаи вайро 50 ҳазор рубли русӣ (ҳудуди 590 доллар) муайян кардаанд.
Мақомоти расмии Узбекистон то ҳол муроҷиати видеоии сокини Фарғонаро, ки мегӯяд, ҳамроҳи низомиёни рус дар Луҳанск қарор дорад, шарҳ надодаанд. Дар сафорати Русия дар Узбекистон гуфтанд, ки ин хабар ва шахсияти мардро хоҳанд омӯхт.
Қонунгузории Узбекистон ба шаҳрвандони ин кишвар иҷозат намедиҳад, ки дар сафи артиши давлати хориҷӣ хидмат кунанд ё бар асоси қарордод ба ҳайси зархарид ифои вазифа кунанд.