Ба огаҳии Ситоди мубориза бо коронавирус дар Қирғизистон, онҳое, ки вориди ин кишвар мешаванд, гувоҳномаи ваксинаи зидди коронавирус (дар шакли коғазӣ ё рақамӣ) ва ё маълумотнома дар бораи натиҷаи манфии санҷиши вирусро бо худ бояд дошта бошанд.
Манбаъ афзуда, ки ин қоидаҳо ба кудакони то 12-сола, ки ҳамроҳи волидонашон сафар мекунанд, дахл надорад.
Мусофироне, ки гувоҳномаи ваксинаи зидди коронавирус ё маълумотнома дар бораи натиҷаи санҷиши вирусро надоранд, ҳангоми вуруд ба Қирғизистон тест хоҳанд супурд.
Ёдрас мешавем, Қирғизистон аз 11 феврали имсол ҳатмӣ будани маълумотнома дар бораи натиҷаи манфии санҷиши вирусро барои мусофироне, ки бо худ гувоҳномаи ваксинаи зидди коронавирусро доранд, бекор карда буд. Ин маълумотнома аз 1 декабри соли 2021 ба далели пандемияи коронавирус ҳатмӣ шуда буд.