Ҳавопаймои охир 253 шаҳрванди Узбекистонро ба Тошканд овард, ки аз Украина ба Лаҳистон паноҳ бурда буданд. Миёни онҳо 68 зан, 54 ноболиғ ва 12 кӯдаки ширхора мавҷуд буд.
Ба ин тартиб, теъдоди умумии шаҳрванди Узбекистон, ки аз Украина тавассути Лаҳистон берун оварда шуданд, ба 762 кас расид.
Дар рузҳои наздик ташкили ду парвози дигар барои баргардонии шаҳрванди Узбекистон аз Лаҳистон дар назар аст, омадааст дар хабари вазорати корҳои хориҷии Узбекистон.