Ссылки доступа

Президенти Украина сафири кишвараш дар Қирғизистонро барои машварат "фавран" ба Киев даъват кард


Украина сафираш дар Қирғизистон Валерий Жовтенкоро барои машварат даъват кард. Дар ин бора президенти Украина Владимир Зеленский дар саҳифаи Фейсбук хабар дод.

Ба гуфтаи Зеленский, сабаби даъват "пуштибонӣ аз хушунат нисбати Украина" аст. Гап аз мавқеи роҳбарияти Қирғизистон меравад.

Украина ҳамчунин сафирашро аз Гурҷистон ба Киев даъват кард. Гурҷистон монеи вуруди довталабоне шуд, ки мехостанд, дар Украина зидди Русия биҷанганд.

РИА Новости рӯзи 26 феврал аз қавли президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов навишт, ки "Ҷабборов дар суҳбат бо президенти Русия Владимир Путин гуфт, ки аз рафтори Русия оид ба муҳофизати аҳолии осоиштаи Донбасс ҳимоят мекунад". Аммо дар сомонаи президенти Қирғизистон дар ин бора иттилое дода нашудааст.

Русия рӯзи 24 феврал ба Украина ҳамла кард. Дар минтақаҳои мухталифи Украина, аз ҷумла наздикии шаҳри Киев ҷангҳо идома доранд. Теъдоди дақиқи кушташудаҳо аз ҳар ду тараф маълум нест.

XS
SM
MD
LG