Ссылки доступа

Порлумони Аврупо аз қабул шудани Украина ба Иттиҳод ҷонибдорӣ кард


Порлумони Аврупо рӯзи сешанбе даъват кард, ба Украина мавқеи давлати номзад ба шомил шудан дар Иттиҳоди Аврупо дода шавад. Бо ин вуҷуд, порлумон гуфт, бояд ҳамаи талабот риоя шавад.

Мақомоти Украина ахиран муроҷиат карданд, ки ба таври фаврӣ ба Иттиҳоди Аврупо пазируфта шаванд.

Дар қатъномаи порлумони Аврупо ҳамлаи Русия ба Украина ва нақши роҳбари Белорус Александр Лукашенко дар ин хушунат маҳкум шудааст. Порлумони Аврупо ба кӯмаки башардӯстона ба Украина даъват кард.

Вакилони порлумони Аврупо ҳангоми суханронии Владимир Зеленский дар як ҷаласаи порлумон кафкубӣ карданд. Зеленский, ки видеоӣ суҳбат мекард, гуфт, украинҳо бо қиммати ҳазорон қурбонӣ дар ҷанги зидди хушунати Русия тавонистанд, кишварҳои Иттиҳоди Аврупоро барои кӯмак ба Украина муттаҳид созанд. Ба гуфтаи президент, Украина интихоби аврупоӣ мекунад ва мехоҳад, шомили Иттиҳоди Аврупо шавад.

XS
SM
MD
LG