Ссылки доступа

Ваколати духтари Назарбоев дар порлумон пеш аз муҳлат қатъ шуд


Маҷлиси Қазоқистон 2 март ваколатҳои Дариға Назарбоева, духтари Нурсултон Назарбоев, президенти пешини ин кишварро дар порлумон пеш аз муҳлат қатъ кард.

Раиси маҷлис Ерлан Кошанов гуфт, ба ҷонибдорӣ аз қатъ шудани ваколати Назарбоева 99 вакил раъй дода, як нафар бетарафӣ кардааст.

Қаблан худм Дариға Назарбоева эълом карда буд, ки ваколатҳои вакилиашро дар порлумони Қазоқистон супурдааст. Назарбоева гуфта буд, ки ба хотири комилан машғул шудан ба фаъолиятҳои иҷтимоӣ, башардӯстӣ, фарҳангӣ ва хайрия чунин тасмим гирифтааст.

Духтари президенти пешини Қазоқистон ҳаводиси моҳи январи Қазоқистонро "рӯйдодҳои фоҷиабор" унвон ва даъват кард, ки он ҳаводис таҳқиқ шудаву "гунаҳкорон ҷазо дода шуда ва бегуноҳо озод гарданд".

Баъди ҳаводиси моҳи январ чанде аз наздикони дигари Назарбоев аз мақомҳо ва тиҷоратҳо барканор шуданд.

Эътирозҳои Қазоқистон рӯзи 2 январ нахуст ба далели болоравии қимати газ шуруъ шуданд. Баъдтар эътирозгарон талаби сиёсӣ карданд. Шиори асосии эътирозгарон "Пирмард, бирав!" - манзур Назарбоев - буд.

Ба иттилои расмӣ, дар ҳаводиси моҳи январ 225 кас кушта шудаанд, ки бештари онҳо сокинони осоишта буданд.

XS
SM
MD
LG