Ссылки доступа

Қирғизистон 60%-и лавозимоти тиббӣ ва доруҳоро аз Русия ва Украина ворид мекардааст


Вазири тандурустии Қирғизистон Олимқодир Бейшеналиев 2 март бо намояндагони Иттиҳоди фармасевтии ин кишвар ҷаласаеро баргузор ва дар он таъмини амнияти дорувориро ба баррасӣ гирифтааст.

Ба огаҳии хадамоти матбуотии вазорат, намояндагони ширкатҳои фарматсевтии Қирғизистон дар вохӯрӣ роҷеъ ба вазъе, ки дар натиҷаи низои Русия бо Украина ба миён омадааст, нигаронӣ кардаанд.

Раиси Иттиҳоди фарматсевтии Қирғизистон Эрнис Асанов гуфтааст, кишвараш 60 дарсади лавозимоти тиббӣ ва доруҳоро аз Русия ва Украина ворид мекунад. Ба гуфтаи ӯ, дар натиҷаи низои ахир тамоми фармоишҳои ҷониби Қирғизистон дар Украина бекор карда шудааст.

Асанов афзуда, ки феълан маълум нест, воридоти дору ва лавозимоти тиббӣ аз Украина ба Қирғизистон кай аз сар гирифта мешавад.

Ҳамчунин истеҳсолгарони рус низ ба далели устувор набудани қурби рубл содироти маҳсулотро муваққатан қатъ кардаанд. Асанов афзудааст, аксари истеҳсолгарони аврупоӣ дар натиҷаи таҳримҳо содироти маҳсулот ба Русияро қатъ кардаанд ва ин соҳибкорони русро водор месозад, ки ба ҷои содирот ба бозори дохилӣ тамаркуз кунанд.

XS
SM
MD
LG