Ссылки доступа

Дар Қазоқистон 62 касро дар робита ба ҳодисаҳои моҳи январ ҷазо додаанд


Додситонии кулли Қазоқистон хабар дод, ки дар робита ба ҳодисаҳои моҳи январи он кишвар 62 кас ҷазо дода шудааст.

Ризобек Ожаров, як мақомдори додситонии он кишвар рӯзи 2 март ин хабарро дар нишасти матбуотие иброз дошт. Вай нагуфт, ки чанд тан аз ин 62 кас ҳабс шудаву чанд тани дигар ҷазои маъмурӣ гирифтаанд. Ожаров ҳамчунин нагуфт, ки айби афроди маҳкумшуда чӣ будааст.

Ба иттилои додситонии он кишвар, то ин замон парвандаҳои 162 нафар ба додгоҳ рафтааст.

Бештари парвандаҳо дар шаҳри Алматои Қазоқистон баррасӣ мешаванд. Дар додгоҳи шаҳри Алмато гуфтанд, аксари парвандаҳо марбут ба моддаи "Ғоратгарӣ" аст.

Ризобек Ожаров дар нишасти рӯзи 2 март афзуд, ки ба ҷуз аз моддаҳои "терроризм" ва "бетартибиҳои оммавӣ" дар парвандаҳои марбут ба ҳодисаҳои моҳи январ парвандаҳои "ғоратгарӣ", "дуздӣ", "дуздии аслиҳа", "истифодаи зур нисбати кормандони мақомоти давлатӣ" ҳастанд.

XS
SM
MD
LG