Ссылки доступа

Қароргоҳи президентро дар шаҳри Алматои Қазоқистон вайрон мекунанд


Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон дастур дод, ки қароргоҳи президент дар шаҳри Алматои он кишвар тахриб карда шавад. Ин бино дар ҳодисаҳои моҳи январи соли ҷорӣ оташ гирифта буд.

Берик Қурмангалӣ, сухангӯи президенти Қазоқистон рӯзи 2 март гуфт, ки дар ҷойи қароргоҳи президент дар шаҳри Алмато хиёбон бунёд мешавад.

Бинои мазкур ҳамчун "қароргоҳи президенти нахустини Қазоқистон - пешвои миллат" номида мешуд.

Расонаҳо пештар хабар дода буданд, ки сутунҳои бино хароб шуда, онро барои кору истиқомат номумкин гардонидааст.

"Бештар аз ҳама ошёнаи дувуми бино зарар дида ва хатарнок шудааст", - хабар доданд аз ҳукумати шаҳри Алмато.

Қароргоҳи президенти Қазоқистонро дар шаҳри Алмато соли 1995 сохта буданд. Аз ибтидо ин бино ҳамчун маҷмаи осорхонаи Ленин пешбинӣ мешуд. Аммо Ҳодисаҳои моҳи декабри соли 1986 дар Алмато пеши роҳи идомаи сохтмонро гирифтанд.

Рӯзи 5 январи соли ҷорӣ дар натиҷаи эътирозҳои зиддиҳукуматӣ бино оташ зада шуд.

XS
SM
MD
LG