Дар ин бора намояндаи расмии Раёсати комисари олии СММ дар умури паноҳандагон Шабия Манту хабар дод.
Ба иттилои президенти Лаҳистон Анжей Дуда, ба ин кишвар, наздики 500 ҳазор шаҳрванди Украина ворид шудааст. Бештар аз 100 ҳазор украини дигар ба Маҷористон, чанд ҳазор каси дигар ба Молдова, Руминия ва Словакия ворид шудааст. Шаҳрвандони Украина ҳақ доранд, ки бидуни виза вориди кишварҳои Иттиҳоди Аврупо шаванд. Ба ин далел, онҳо бе мушкил марзҳои Иттиҳодро убур мекунанд. Мақомоти маҳаллӣ ба паноҳандагони Украина ҷойи хоб, ғизо ва либос медиҳанд.
Рӯзи 28 феврал комисари олии СММ дар умури паноҳандагон Филиппо Грандӣ гуфта буд, ки мумкин аст, то 4 миллион сокини Украина, дар натиҷаи ҷанги Русия, фирор кунад.
Мақомоти Украина гуфтанд, бештар аз 2 ҳазор сокини осоишта дар натиҷаи ҳамлаҳои Русия кушта шудааст. Тасдиқи дурустии ин омор аз роҳҳои дигар ғайриимкон аст.