Ссылки доступа

Сафорати Қирғизистон дар Украина қисми дигари қирғизистониҳоро ба Маҷористон мебарад


Сафорати Қирғизистон дар Украина рӯйхати қирғизистониҳоеро тартиб медиҳад, ки дар Киев қарор доранд. Сафорат онҳоро бо автобусҳо ба Маҷористон мебарад.

Дар ин бора вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон рӯзи 2 март хабар дод.

Ба иттилои вазорат, рӯзи 1 март 111 шаҳрванди Қирғизистон иборат аз 38 ноболиғ, 5 донишҷӯ ва 71 зану марди дигар ба Маҷористон бурда шудааст. Қирғизистон тасмим дорад, шаҳрвандонашро тавассути Маҷористон ба ватан баргардонад.

Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон пештар гуфта буд, ки бештар аз 1350 қирғизистонӣ дар Украина қарор дорад. Аз ин теъдод 680 кас ба сафорат ва консулгариҳои Қирғизистон омода, дархости берун рафтан аз Украинаро кардаанд.

XS
SM
MD
LG