Ссылки доступа

Барои хабарнигори Радиои Озодӣ дар Минск 1,5 сол зиндон талаб шуд


Олег Груздилович на слушаниях 2 марта
Олег Груздилович на слушаниях 2 марта

Айбдоркунандаи давлатӣ дар парвандаи хабарнигори Радиои Озодӣ Олег Груздилович дар додгоҳи шаҳри Мински Белору барои хабарнигор 1,5 сол зиндон талаб кард.

Груздиловичро дар ташкил ва омодагӣ ба амале, ки тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон мекунад, айбдор мешавад. Хабарнигор гӯиё дар иқдоми ғайриқонунӣ замоне иштирок кардааст, ки вазорати корҳои хориҷии Белорус иҷозатномаи кори ӯро бекор карда буд. Груздилович мегӯяд, дар гирдиҳамоӣ ба ҳайси корманди нашрияи "Народная воля"-и маҳаллӣ ширкат кардааст.

Ин ҳодиса марбут ба эътирозҳои моҳи августи соли 2020 - баъд аз тақаллубкориҳо дар интихоботи президентие аст, ки Александр Лукашенко ғолиби он дониста шуд. Ғарб Лукашенкоро президенти машруъ намеҳисобад.

Рӯзи 2 март нахустин ҷаласаи додгоҳии Груздилович баргузор шуд. Ба бисёре аз ҷонибдорон, дӯстон ва ҳамкорони вай иҷозаи иштирок дар додгоҳро надоданд.

Вакилони мудофеи хабарнигор дар додгоҳ гуфтанд, ки айбҳои эъломшуда беасосанд ва вай ҷинояте содир накардааст. Интизор меравад, додгоҳ имрӯз, 3 март ҳукми парвандаи Груздиловичро эълом кунад.

XS
SM
MD
LG