Ссылки доступа

"То кай фонус бигирем?" Мардум шикоят доранд, ки барқ нест. Мақомот мегӯянд, ҳаст


Дар аксар минтақаҳои Тоҷикистон маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ ҷорӣ шудааст. Сокинон шикоят доранд, ки чанд соат рӯзона ва чанд соат шабона аз гармӣ ва рӯшноӣ маҳруманд. Дар ширкати "Барқи тоҷик" батакрор мегӯянд, ки маҳдудияте нест.

Абдухолиқ Ғафуров, сокини шаҳри Ваҳдат, гуфт, дар фасли зимистон бо нерӯи барқ таъмин буданд, аммо даҳ рӯзи охир "ҳар шаб интиқоли барқ қатъ мешавад". Вай рӯзи 1-уми март гуфт, "чанд вақт соати даҳи шаб барқро хомӯш мекарданд. Ҳоло рӯзона ҳам барқ нест. Мехоҳем кор кунем, дарахтҳоро бурем, бе барқ чизе карда намешавад."

Сокинон аз он норозианд, ки интиқоли нерӯи барқ бе огоҳӣ қатъ мешавад. Ба қавли онҳо, ин амр ҳам хатарнок аст ва ҳам монеи корашон шудааст. Сайфиддин Ҳайдаров, сокини деҳаи Камонгарони Ваҳдат, талаб дорад, ки мақомоти "Барқи тоҷик" бояд вазъиятро шарҳ дода, сипас, ба хомӯш кардани барқ иқдом кунанд.

"Пеши поятро набинӣ, ба ягон чуқурӣ афтӣ, азоб аст. То кай фонус гирифта мегардем? Дар зимистон хуб буд, барқ доштем. Тасаввур кунед, ки ягон дастгоҳ мешиканад, бояд ба устохонаи шаҳр бибарӣ. Харҷ зиёд мешавад. Барқ бошад, коратро дар хона мекунӣ. Чӣ фарқ дорад, пули истифода аз нерӯи барқро медиҳӣ," – гуфт Сайфиддин Ҳайдаров.

Дар ширкати "Барқи тоҷик" ҷорӣ шудани маҳдудияти барқро рад карданд. Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯйи ширкат, шикояти сокинонро "провокатсия" номид. Ӯ гуфт: "Дар Тоҷикистон ягон лимит нест. Зимистону баҳор ҳама бо барқ таъминанд. Ин провокатсия аст. Агар касе шикоят карда бошад, ба “Барқи тоҷик” муроҷиат кунад, шикояташонро ба роҳбарият мерасонем. Ягон лимит нест."

Баъзе аз коршиносон тахмин мезананд, ки маҳдудияти ғайрирасмии интиқоли барқ дар минтақаҳо эҳтимол ба кам шудани захираи об дар обанборҳои кишвар пайванд дорад. Раиси ширкати "Барқи тоҷик" дар нишасти хабарии худ дар моҳи феврал хабар дода буд, ки "ҳаҷми воридшавии об ба обанбори Норак кам шуда истодааст", аммо барои таъмини бемаҳдудияти барқ ба сокинон кофӣ аст.

Мақомоти Тоҷикистон соли 2017 эълон карданд, ки маҳдудияти барқ дар кишвар ба моли таърих табдил шуд, аммо бо гузашти панҷ сол ҳанӯз ҳолатҳои қатъи барқ аз байн нарафтаанд. Масъулони "Барқи тоҷик" ҳар замон камбуди обу таъмири дастгоҳҳоро сабаб пеш меоранд. Мардум мегӯянд, ба дурустии он шубҳа доранд, чун фурӯши барқ ба Афғонистону кишварҳои дигари ҳамсоя ҳамчунон идома дорад.

XS
SM
MD
LG