Ссылки доступа

Раҳбарони Қазоқистон ва Украина телефонӣ суҳбат карданд


Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев 2 март бо ҳамтои украинии худ Владимир Зеленский суҳбати телефониеро анҷом додааст.

Сухангӯи президенти Қазоқистон Берик Курмангалӣ гуфт, ин суҳбат бо ташаббуси Киев сурат гирифтааст. "Тоқаев гуфт, тавофуқ дар рафти гуфтугӯҳо ба хотири қатъи задухурдҳои мусаллаҳона дар Украина муҳим мебошад", -афзуд сухангӯи президенти Қазоқистон.

Худи Зеленский дар Твиттер навишт, ки бо Тоқаев вазъи мушкили амниятӣ дар минтақаро баррасӣ кардааст. "Созиш кардем, ки дар масъалаҳои башардӯстона ҳамкорӣ кунем. Дар оянда низ дар иртибот хоҳем буд", - илова кардааст президенти Украина.

Суҳбати телефонии Тоқаев бо Зеленский дар рӯзи ҳафтуми ҷанги Русия бо Украина ва дар арафаи даври навбатии гуфтугӯҳои Москва ва Киев сурат гирифт.

XS
SM
MD
LG