Ссылки доступа

СММ: "Шумораи паноҳҷӯёни украинӣ аз як миллион гузашт". Ҷонибҳои даргир омори қурбониёнро эълон карданд


Комиссариати олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон рӯзи 2-юми март гузориш дод, ки аз оғози ҳамлаи Русия ба Украина, дар ҳафт рӯзи гузашта, як миллион украинӣ кишварашонро тарк кардаанд.

Омори бисёр болои паноҳҷӯёни украинӣ бо таваҷҷуҳ ба як марҳилаи бисёр кӯтоҳ амри бесобиқа дар қарни бист ва бистуяк ба шумор меравад. Ин теъдод ду дарсади аҳолии Украинаро ташкил медиҳад. Тибқи омори Бонки Ҷаҳонӣ, дар соли 2020 шумораи аҳолии Украина ҳудуди 44 миллион нафар буд.

Комиссариати олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон пешбинӣ кардааст, ки шумораи паноҳҷӯёни украинӣ аз чаҳор миллион ҳам бештар мешавад. Сухангӯи созмон дар паёме навишт, "маълумоти мо нишон медиҳад, ки омор аз як миллион нафар бештар аст."

Филиппо Гранди, комиссари олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон, дар "Твиттер" навишт, "танҳо дар ҳафт рӯз шоҳиди муҳоҷирати дастҷамъии як миллион паноҳҷӯ аз Украина ба кишварҳои ҳамсоя будаем."

Вай дар идома хостори қатъи даргириҳо дар Украина шуд, то ёриҳои башардӯстона ба дасти миллионҳо украинии дигар бирасад, ки ҳанӯз дар кишвари худ мондаанд.

Дар ҳамин ҳол, рӯзи чаҳоршанбе ҷонибҳои даргир дар буҳрони Украина шумораи умумии қурбониёни ҷангро эълон кардаанд. Русия аз оғози ҳамла ба Украина бори аввал омори талафоти нерӯҳои худро ироа кард ва гуфт, ҳудуди 498 сарбози русӣ кушта ва тақрибан 1597 сарбози дигар маҷруҳ шудаанд. Ҳукумати Украина пеш аз ин гуфта буд, ки талафоти низомиёни рус наздик ба 6 ҳазор нафар аст.

Украина оморе аз талафоти нерӯҳои низомиаш нашр накард, аммо гуфт, ки дар ҳамлаҳои нерӯҳои русӣ ҳудуди 2 ҳазор ғайринизомӣ ҷон бохтаанд. Ин омор аз сӯи расонаҳои ҷаҳонӣ таъйид нашудааст.

Созмони Милали Муттаҳид гуфта буд, аз оғози ҳамлаи Русия ба Украина то 1-уми март 272 ғайринизомӣ дар Украина кушта, 525 нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд. Аммо ин ниҳод дар айни ҳол таъкид кардааст, ки омори воқеӣ бояд беш аз ин бошад.

XS
SM
MD
LG