Ссылки доступа

"Бишкекасфалтсервис"-ро дар азхудкунии $46 млн айбдор мекунанд


Мақомоти Қирғизистон ширкати "Бишкекасфалтсервис"-ро ба азхудкунии 520 млн сом (наздики 46 млн доллар), ки барои бунёди роҳ ҷудо шуда буд, айбдор мекунанд.

Дар ин бора 3 март дар ҷаласаи комиссияи доимии маҷлиси шаҳри Бишкек оид ба нақлиёт, иртибот ва зистмуҳитӣ хабар додаанд.

Ҳамчунин гуфта шуда, ки аз соли 2016 то соли 2020 корҳои сохтмонӣ дар 80 роҳи Бишкек пурра иҷро нашудаанд ва қарзи "Бишкекасфалтсервис" дар назди шаҳрдории пойтахт ба 772 млн сом расидааст.

Намояндагони шаҳрдории Бишкек дар маҷлис гуфтаанд, ки маблағ барои таъмир ва бунёди роҳҳо ҷудо шуда буд, вале корҳо дар баъзе аз кӯчаҳо ҳанӯз оғоз нагаштаанд.

"Санадҳои мавҷуда тасдиқ мекунанд, ки аз 772 млн сом қарзи ширкат танҳо 250 млн сом харҷ шудааст. 520 млн соми дигар дар куҷо сарф шудааст, маълум нест. Вале ин ки мегӯянд, пулҳоро дуздидаанд, нодуруст аст. Як қисми пулҳо ба таъмири роҳҳое сарф шуданд, ки дар нақша набуданд. Бояд таҳқиқ карда шавад", - изҳор дошт мудири ширкати "Бишкекасфалтсервис" Талант Солтобаев.

XS
SM
MD
LG