Ссылки доступа

Додситони кулли Қазоқистон иваз шуд


Берик Асилов додситони кулли Қазоқистон таъйин шудааст. Ӯ то ин дам дар мақоми муовини додситони кулли он кишвар ифои вазифа мекард.

Фармони президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев дар бораи додситони кул таъйин шудани Асилов 3 март нашр шуд.

Вакилони порлумони Қазоқистон низ пешниҳоди Тоқаев дар бораи ин таъйинотро якдилона ҷонибдорӣ кардаанд.

Асилов то таъйин шудан ба мақоми муовинии додситони кул дар моҳи марти соли 2019 ду сол додситони вилояти Қазоқистони Шимолӣ буд.

XS
SM
MD
LG