Ссылки доступа

Парвандаи модари блогери тоҷик то куҷо расид? (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Парвандаи модари блогери тоҷик то куҷо расид? Аз боздошти Шоҳида Маҳмадҷонова, модари блогер Шерзод Маҳмадҷонов, як моҳ гузашт. Наздиконаш мегӯянд, дар ин муддат натавонистаанд, бо ӯ мулоқот кунанд. (видео)

- Муҳоҷирони тоҷик мегӯянд, ки "моро безор кардаанд". Теъдоде аз муҳоҷирони тоҷик дар Русия мегӯянд, бо вуҷуди ҷанг дар Украина амалиёти боздоштҳои бесабаби муҳоҷирон кам нашудааст. Ба қавли онҳо, маъмурони пулис ба санадҳо аҳамият намедиҳанд ва онҳоро дар боздоштгоҳ нигаҳ медоранд. (видео)

- Донишҷӯёни тоҷик аз Украина ба Лаҳистон фирор кардаанд. Чанде аз донишҷӯёни тоҷик дар Украина гуфтанд, ки дар пайи шиддат гирифтани ҷанг дар он кишвар худро савораву пиёда ба Полша ё Лаҳистон расондаанд. (видео)

- Шикоятҳо аз ришваситонӣ дар марз. Масъулини Оҷонсии мубориза бо фасод дар вилояти Суғд мегӯянд, дар соли 2021 танҳо як нафарро бо гумони қаллобӣ боздошт кардаанд, ки аз мусофирон ҳангоми гузаштан аз марз ришва хостааст. (видео)

- Зарбаҳои мушакии Русия ба Украина. (видео)​

- Муҳоҷирони тоҷик дар Украина гуфтанд, ки чӣ ҳол доранд. Дар ҳоле ки мақомоти Тоҷикистон дар бораи сарнавишти шаҳрвандони кишвар дар Украина хабаре надодаанд, яке аз онҳо мегӯяд, мавриди ҳамла қарор гирифт. Чандеи дигар шаби гузашта ба минтақаи наздик ба марзи Лаҳистон фирор кардаанд. Теъдоди тахминии тоҷикон дар Украина 8 ҳазор нафар гуфта мешавад (видео)

- «Баъд аз Украина навбати кӣ аст?» Эътирозҳо дар Алмато (видео)​

- Вазорат аз тоҷикони Украина хост, эҳтиёт кунанд. Ҳазорҳо шаҳрванди Тоҷикистон дар Украина кору зиндагӣ ва ё таҳсил доранд ва сарнавишти онҳо пайвандонашонро дар Тоҷикистон нигарон кардааст. Дипломатҳои тоҷик дар Киев гуфтанд, ҳоло номи онҳоеро ба рӯйхат мегиранд, ки хоҳиши берун рафтан аз Украинаро доранд. (видео)

- Маъданҳои Тоҷикистонро кадом кишвар бештар истихроҷ мекунад? ​Саридораи геологияи назди ҳукумати Тоҷикистон эълом дошт, ки феълан дар кишвар 17 ширкат иҷоза дорад, то омӯзишҳои геологӣ ва иктишофи маъданро анҷом диҳанд. Ба иттилои намояндагони ин ниҳод, аксари онҳое, ки чунин санад гирифтаанд, ширкатҳои муштараки Тоҷикистону Чин мебошанд. (видео)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД.​

XS
SM
MD
LG