Ба иттилои вазорати нақлиёти Узбекистон, ҳавопаймои ҳафтум аз фурудгоҳи Катовитсеи Лаҳистон шоми 2 март парвоз кардааст.
Бо парвози охир 181 шаҳрванди Узбекистон ба ватанашон оварда шудаанд. Аммо гуфта нашудааст, ки дар маҷмуъ чи теъдод узбекистониҳо аз Лаҳистон оварда шудаанд.