Ссылки доступа

Қирғизистон як шаҳрванди Туркияро боздошт кард


Шаҳрванди Туркия, ки бо гумони даст доштан дар куштори рӯзноманигор Грант Динк дар шаҳри Истамбул ҷустуҷӯ мешуд, дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон дастгир шудааст.

Ба огаҳии хадамоти матбуотии Вазорати умури дохилии Қирғизистон, қудратиҳои ин кишвар хабар ёфтаанд, ки шаҳрванди мазкури Туркия аз санадҳои тақаллубӣ истифода мекунад.

Шаҳрванди Туркия, соли таваллудаш 1984 26 феврал дар пойтахти Қирғизистон дастгир карда шудааст. Ӯ аз шиноснома ва шаҳодатномаи ронандагии сохта истифода мекардааст.

Вайро дар ватан ба содир кардани ҷиноятҳои муташаккил ва нигаҳдории ғайриқонунии силоҳ, аз ҷумла куштори рӯзноманигор Грант Динк дар соли 2007 айбдор мекунанд.

XS
SM
MD
LG