Ссылки доступа

Мудири "NEXT TV" дар Қирғизистон ҳабс шуд


Мудири телевизиони "NEXT TV" дар Қирғизистон Таалай Дуйшембиев ба муҳлати 48 соат ба ҳабс гирифта шуд.

Ба иттилои вакили дифои мудири телевизион Акмат Алагушев, зидди Дуйшембиев бо моддаи "ангехтани бадбинии миллӣ" парванда боз шуда, дар ҳоли ҳозир бозпурсии шахси зери ҳимояи вай идома дорад. Фардо додгоҳ масъалаи ба ҳабси пешакӣ гирифтани вайро баррасӣ мекунад.

"Ин кори нодуруст аст. Иттилоъ дар дигар манбаъ буд ва ба телевизион ҳеч рабте надорад. Бинобар ин, барои муҳр задани дарҳои коргоҳи телевизион ва қатъи эфир асоси қонуние надоранд", - афзуд вакил.

Пештар Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон хабар дода буд, ки нисбати "NEXT TV" бо моддаи "ангехтани бадбинии миллӣ" парванда боз кардааст.

Ба иттилои тафтишот, телевизион "хабари бардурӯғ паҳн мекунад, ки гӯё байни Қирғизистон ва Русия дар бораи кӯмаки низомӣ расонидан дар амалиёти низомӣ дар Украина созиш ҳосил шудааст. Телевизион аз қавли роҳбари пешини хадамоти махсуси Қазоқистон ин хабарро нашр кардааст".

Пештар аз ин Юрий Поита, як корбари Фейсбук бо такя ба роҳбари пешини Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон Алнур Мусоев навишт, ки "Тоҷикистону Қирғизистон зери фишори Русия розӣ шуданд, ки кӯмаки низомӣ расонанд". Рӯзи 3 март вазири мудофиаи Қирғизистон ин хабарро рад кард.

XS
SM
MD
LG