Ссылки доступа

Шумори гурезаҳои Украина аз оғози ҷанг ба 1,5 млн расид


Дар давоми даҳ рӯзи амалиёти низомии Русия зидди Украина шумори гурезаҳо ба 1,5 миллион нафар расидааст.

Дар ин бора Филиппо Гранди, комиссари олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон хабар дод.

Ваколатдори порлумони Украина оид ба ҳуқуқи инсон Людмила Денисова гуфт, сокинони як қатор минтақаҳои аҳилонишинро, ки таҳти идораи Луганск қарор гирифтаанд, маҷбур доранд, то шиносномаи ин "ҷумҳурии мардумӣ"-ро бигиранд. Ба гуфтаи ӯ, намояндагони Луганск шиносномаҳои украиниии шаҳрвандонро иҷборан мусодира мекунанд.

Дар ҳамин ҳол берун бурдани аҳолӣ аз шаҳри Мариупол низ ба мушкил печидааст, чун Русия ҳамлаҳоро қатъ накардааст. Қаблан, ҷонибҳо ба тавофуқ расида буданд, ки барои берун шудани аҳолии осоишта долони амн боз мекунанд.

Энтони Блинкен, вазири корҳои хориҷии ИМА гуфт, ки далелҳое ба даст омадаанд, ки низомиёни Русия ба мардуми осоишта ҳамла кардааст. Ӯ гуфт, ин далелҳо ҳамчун ҷинояти ҷангӣ сабт мешаванд.

XS
SM
MD
LG