Ссылки доступа

Чаро навбатпойӣ дар Тоҷикистон роиҷ нест? (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Чаро навбатпойӣ дар Тоҷикистон роиҷ нест? Риоя нашудани навбат дар Тоҷикистон мушкилест, ки бисёриҳо онро дӯст намедоранд. Шояд шумо ҳам дар фурудгоҳу фурӯшгоҳҳо шоҳиди даъвову кашмакаш шудаед ва мехоҳед, бидонед, чаро дар Тоҷикистон навбат кам меистанд. Гузориши Барот Юсуфӣ ва Алишер Зарифиро тамошо кунед. (видео)

- Дар Данғара ба истеҳсоли бензин оғоз мекунанд? Мақомот дар Данғара мегӯянд, барои ба кор андохтани яке аз полоишгоҳҳои азими нафт ва истеҳсоли маводи сӯхт бо Эрон ҳамкорӣ мекунанд ва мумкин аст, дар ояндаи наздик дар дохили Тоҷикистон бензин истеҳсол шавад. (видео)

- Парвандаи модари блогери тоҷик то куҷо расид? Аз боздошти Шоҳида Маҳмадҷонова, модари блогер Шерзод Маҳмадҷонов, як моҳ гузашт. Наздиконаш мегӯянд, дар ин муддат натавонистаанд, бо ӯ мулоқот кунанд. (видео)

- Муҳоҷирони тоҷик мегӯянд, ки "моро безор кардаанд". Теъдоде аз муҳоҷирони тоҷик дар Русия мегӯянд, бо вуҷуди ҷанг дар Украина амалиёти боздоштҳои бесабаби муҳоҷирон кам нашудааст. Ба қавли онҳо, маъмурони пулис ба санадҳо аҳамият намедиҳанд ва онҳоро дар боздоштгоҳ нигаҳ медоранд. (видео)

- Донишҷӯёни тоҷик аз Украина ба Лаҳистон фирор кардаанд. Чанде аз донишҷӯёни тоҷик дар Украина гуфтанд, ки дар пайи шиддат гирифтани ҷанг дар он кишвар худро савораву пиёда ба Полша ё Лаҳистон расондаанд. (видео)

- Шикоятҳо аз ришваситонӣ дар марз. Масъулини Оҷонсии мубориза бо фасод дар вилояти Суғд мегӯянд, дар соли 2021 танҳо як нафарро бо гумони қаллобӣ боздошт кардаанд, ки аз мусофирон ҳангоми гузаштан аз марз ришва хостааст. (видео)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД.​

XS
SM
MD
LG