Ба гуфтаи вай, ду рӯзноманигори дигари телевизион соати 14 баъди нисфирӯзи 7 март ба бозпурсӣ даъват шудаанд.
Рӯзи 3 март КДАМ Қирғизистон нисбати Next TV бо моддаи ангехтани бадбинии миллӣ парванда боз кард.
Ба иттилои тафтишот, телевизион "хабари бардурӯғ паҳн мекунад, ки гӯё байни Қирғизистон ва Русия дар бораи кӯмаки низомӣ расонидан дар амалиёти низомӣ дар Украина созиш ҳосил шудааст. Телевизион аз қавли роҳбари пешини хадамоти махсуси Қазоқистон ин хабарро нашр кардааст".
Дар робита ба ин парванда мудири телевизион Таалай Дуйшембиев боздошт шудааст. Додгоҳ ӯро барои ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифт.
Равшан Ҷеенбеков, муассиси телевизион ин парвандаро беасос медонад. Ба гуфтаи вай, телевизион хабари мазкурро бо такя ба манбаъ нашр кардааст.
Пештар аз ин Юрий Поита, як корбари Фейсбук бо такя ба роҳбари пешини Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон Алнур Мусоев навишт, ки "Тоҷикистону Қирғизистон зери фишори Русия розӣ шуданд, ки кӯмаки низомӣ расонанд". Рӯзи 3 март вазири мудофиаи Қирғизистон ин хабарро рад кард.