Ссылки доступа

Паноҳандаи қазоқ аз Шинҷон ба Аврупо расид


Ерсин Еркинулӣ, қазоқтабори Шинҷони Чин, ки соли гузашта чанд моҳ дар Украина дар маркази муҳоҷирон дар боздошт буд, марзи Украина бо Лаҳистонро убур ва ба Аврупо ворид шудааст.

Марзбонони Украина Еркинулиро моҳи октябри соли 2020, замоне боздошт карданд, ки вай мехост, марзи Лаҳистонро бидуни ҳуҷҷат убур кунад.

Моҳи августи соли 2021 марзбонони Словакия Еркинулиро ҳангоми талоши убури ғайриқонуни марзи ин кишвар бо Украина боздошт кардаву дубора ба Украина ирсол карданд. Ӯро дар Украина боздошт ва ба маркази муҳоҷирон фиристоданд.

Еркинулӣ мегӯяд, шиносномаи чиниашро гум кардааст. Вай мегӯяд, дар сурати ба Чин истирдод шуданд, мумкин аст, зиндон ва шиканҷа шавад. Дар ниҳоят мақомоти Украина ба ӯ иҷоза дода буданд, ки дар он кишвар боқӣ монад.

XS
SM
MD
LG